Садои доираи С. Фозилов зиёда аз 45 сол аст, ки ҳазорҳо мухлисонро ба ваҷд овардааст

Ноябрь 16, 2015 03:07

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд муаррифии китоби таълимии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доиранавози номдор Саттор Фозилов “Садои дил” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори мактаби санъат Давронҷон Ҳомидов, доирадастони номӣ Фахриддин Қурбонов ва Орифҷон Мирҷамолов доир ба хаёту фаъолияти ин устоди ҳунар ва аҳамияти китоби таҳиянамудаи ӯ сухан гуфтанд 
Саттор Фозилов зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 1972 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар ансамбли рақсии “Лола” фаъолияташро оғоз намудааст.  Аз соли 1981 чун доирадасти Ансамбли мақомсароёни назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ба номи Ф. Шаҳобов фаъолият бурда, асрори мусиқии классикиро ботинан аз бар намуда, донишу малакаҳои хешро мукаммал ва сайқал медиҳад.
Зиёда аз 45 сол аст, ки ҳунарманд дар рӯи саҳна бо санъати баланди хеш ҳазорҳо мухлисонро ба ваҷд овардааст.
Дар тӯли эҷод ва фаъолияташ як силсила шогирдони арзанда низ ба воя расонидааст, ки аксарияти онҳо аллакай ба дараҷаи касбӣ расиданд. Имрӯз устод Саттор Фозилов фаъолияти худро дар консерватория ба ҳайси омӯзгори калон идома дода, тарбияи даҳҳо шогирдонро ба уҳда дорад.

Ноябрь 16, 2015 03:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад