Сафорати Тоҷикистон дар Русия: 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун оварда шуданд
Душанбе, 9. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби 6 ба 7 ноябри соли равон боз 4 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман берун оварда шуданд. Онҳоро дар фурудгоҳи баналмилалии Домодедово масъули Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Бахтиёр Муродов истиқбол намуда, барояшон хуҷҷатхои лозимиро барои гузаштани нуқтаи бунгоҳи сарҳадии фурудгоҳ фароҳам овардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон Даврон Азамов, Жанна Кудзиева, Ал Бухорӣ Хания, Алан Битсоев, ки солҳои сол дар Яман кору иқомат доштанд, аз он ки сиҳату саломат то ба Маскав расиданд, аз мақомоти дипломатии Русияву Тоҷикистон арзи сипос мекунанд.
Даврон Азимов тавассути хатсайри Маскав -Кӯлоб фиристода шуд. Алан Битсоев озими шахри Перм гардид ва Жанна Кудзиева ҳамроҳи духтараш Ал Бухорӣ Хания дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Маскав ҷой дода шуданд. Ин ҳар ду низ рӯзҳои наздик нияти бозгашт ба Ватанро доранд.
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ин масъала чанд муддат аст дар доираи ҳамкории пайвастаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия бо Вазорати умури хориҷии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дошт. «Мо аз мақомоти Русия барои ҳамкории судманд дар ин самт арзи сипос менамоем, зеро пеш аз ин низ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман фаъолият мекарданд, дар натиҷаи ҳамкории судманд миёни ниҳодҳои дипломатии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз ин кишвар берун оварда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






