Санҷиши аспирантони муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).-16 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ бо иштироки президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ санҷиши аспирантҳои муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ доир гардид.
Дар назди муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ дар соли таҳсили 2014 — 2015 255 аспирант, аз ҷумла 133 аспиранти рӯзона ва 122 аспиранти ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳангоми санҷищ натиҷаҳои ба дастовардаи аспирантон аз рӯи нақшаи инфиродӣ, ки дар Шӯрои олимони муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ тасдиқ гардидааст, ҷамъбаст шуданд.
Санҷиши аспирантон нишон дод, ки дар соли хониши 2014-2015 аспирантҳои муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ дар маҷмӯъ натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст овардаанд.
Дар санҷиш роҳбарони илмии аспирантҳо, ноибони президенти АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ ҶТ, муовини президенти АИ ҶТ оид ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ, директорони муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии АИ ҶТ, ҷонишини директорони институтҳо, котибони илмии институтҳо ва мудирони шуъбаҳои докторантура, аспирантура ва магистратура иштирок доштанд.
Зимни санҷиши 240 аспирант 10 нафар хориҷ ва 5 нафар шартан аз санҷиш гузаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






