Сарқонун-санади тақдирсозе, ки тамомияти арзии кишвари моро таъмин мекунад

Ноябрь 4, 2015 04:19

Рашт, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба 21-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки  раиси ноҳия  Лоиқзода Қаноатшои Холиқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён ва аҳли ҷамъияти ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия  Лоиқзода Қаноатшои Холиқ   аҳли нишаст ва сокинонони ноҳияро бо рӯзи Сарқонуни   кишвар табрик намуда, гуфт, ки қабули Сарқонун-  ин санади тақдирсоз барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиқлолияти давлатӣ,  тамомияти арзии кишвар ва ягонагии миллат  таҳдид мекард, шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу суботи боэътимодро боз намуд.  
Иштирокдорони вохӯрӣ изҳор карданд, ки  сокинони ноҳияи Рашт  чун дигар мардуми манотиқи  кишвар бо дарки масъулият дар таъмини волоияти қонун, рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро  мегузоранд.
Бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки фаъолон ва зиёиёни ноҳия вохӯрӣ ва  суҳбатҳои судманд ҷараён доранд.

Ноябрь 4, 2015 04:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад