Семинар барои рӯзноманигорони ҷавони ВАО дар АНМН

Ноябрь 12, 2015 09:34

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Бо мақсади иҷрои банди  «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 12 ноябр дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  баланд бардоштани дониши рӯзноманигорони ҷавоне, ки дар ВАО-и давлатӣ фаъолият доранд ва  кормандони марказҳои матбуотии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар   мавзӯъҳои марбут ба назорати маводи нашъаовар мавод  омода мекунанд,  семинар баргузор гардид.  Дар  он рӯзноманигорон аз телевизионҳои давлатӣ, радио, нашрияҳои давлатӣ ва марказҳои матбуоти вазорату идораҳои гуногун иштирок намуданд. 
Дар  семинар ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», самтҳои асосӣ ва вазифаҳои сиёсати зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, маводи  нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки хабарнигорон ҳангоми омода намудани мақолаву гузориш доир ба назорати маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ бояд   қоидаҳои асосии эҳтиром ва  одоби  журналистиро риоя намоянд. 

Ноябрь 12, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад