Сергей Наришкин: вокуниши низомии Русия бар зидди Туркия ҳаққи мост
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сергей Наришкин, раиси Думаи Русия рўзи ҷумъа дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Руминия «Ди Ҷи 24» дар бораи сарозер кардани ҳавопаймойи Русия аз ҷониби Туркия гуфт: «Ин куштори дидаю донистаи сарбозони мо буд ва ин амалест, ки бояд ҷазо дода шавад».
Вай гуфт, Маскав манбаъҳои низомии бештареро барои афзоиши амнияти ҳавопаймоҳои низомии худ ҷудо намудааст.
Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин, президенти Русия низ гуфт, Путин аз посух додан ба тамоси Раҷаб Тайип Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия худдорӣ кардааст, чаро ки Анқара намехоҳад ба далели сарозер кардани ҳавопаймои русӣ узрхоҳӣ кунад.
Ушаков ҳамчунин аз дархости Анқара барои дидори сарони Туркия ва Русия дар душанбеи оянда дар конфронсе дар бораи иқлим дар Париж хабар дод.
Ба гуфтаи ёвари Путин, президенти Русия дар Париж бо Бинёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил дидор ва дар бораи бӯҳрони Сурия ва муноқишаи Исроил ва Фаластин гуфтугӯ хоҳад кард. Путин ҳамчунин дар дидори Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар мавриди Сурия ва Украина гуфтугў хоҳад дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






