Шаҳрдорӣ аз танбашавии воситаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ менамояд

Ноябрь 17, 2015 05:00

Душанбе, 17.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- Минбаъд ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ ва хусусӣ дар пойтахт то соати  5-50 дақиқа дар хатсайрҳо ба фаъолият оғоз намуда, он аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятии созмондодаи  шаҳрдорӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ назорат мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ бо ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Дар ҷаласа вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҷилавгирӣ аз танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳои пойтахт  матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси пешниҳоди шаҳрдорӣ  барои  субҳгоҳон пешгирӣ намудани тамбашавии нақлиёт дар хатсайрҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соати дарсӣ дар макотиби олии кишвар шурӯъ аз 16 ноябр аз соати 7:30 дақиқа оғоз мегардад.  
Инчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки фаъолияти  бонизоми хатсайрҳои нақлиётии аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ убуркунанда, ки ба кормандон ва муштариёни “Ҳунаристон”-и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт  ва дигар шаҳрвандон хизмат мерасонанд, таҳти назорат гирифта шаванд. 

Ноябрь 17, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд