Шаҳрдорӣ ҷудо кардани қитъаи заминро мавқуф мегузорад
Душанбе, 11.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз фардо раванди ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар пойтахт мавқуф гузошта мешавад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе қарор қабул намуд. Ин тадбир бо мақсади беҳдошти раванди муттасили таъмини маҳалҳои аҳолинишини пойтахт бо иншооти инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ, иҷтимоӣ, риояи талаботи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ, амнияти ҳудудҳо ва нигоҳ доштани объектҳои мероси фарҳангӣ андешида шудааст. Тибқи ин қарор раиси шаҳр ба масъулини шуъбаи сохтмони пойтахт супориш додааст, ки дар мувофиқа бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои муайян намудани муҳлат ва гузаронидани бақайдгирии нақшаҳои шаҳрсозӣ, дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт гурӯҳи корӣ таъсис дода, то 30 ноябри соли равон аз натиҷаи он ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон маълумот пешниҳод созад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






