«Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак»-озмун оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ аз 1 ноябр то 5 декабри соли 2015 озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ- «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак»-ро мегузаронад.
Мақсади озмун тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кўдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, ҳавасмандкунии мактаббачагон дар омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба воситаи иқдомҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароит барои фаъол гардонидани корҳо оид ба таблиғи рафтори бехатар дар роҳҳои мамлакат ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа мебошад.
Озмун дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, ноҳия ва минтақаи Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ гузаронида шуда, дар он хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.
Мавод то 25 ноябр бояд ба Кумитаи тадорукот равона шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






