Шиносоии А.Қодирӣ бо шароити бошишгоҳи аскарони қисми низомӣ
Душанбе, 27. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов бо шароити бошишгоҳи аскарони қисми низомии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Дар бинои мазкур ҳамаи шароит баҳри пешбурди хизмати ҳарбӣ фароҳам оварда шуда, иншоот дорои утоқҳои барҳавои корӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои алоҳидаи машғулиятгузарониву маишӣ мебошад. Дар ин қисми низомӣ, сарбозон баробари адои хизмати Ватан ҳамчунин чандин касбҳо, аз қабили кафшергарӣ, кишоварзӣ, байторӣ, техникиро аз худ намуда, пас аз хатми хизмат соҳибкасб мегарданд ва бо сертификат таъмин мешаванд, ки он дар оянда барои пешбурди зиндагиашон мусоидат менамояд.
Баҳри бунёди коргоҳи нави дӯзандагӣ, бинои нави қисми ҳарбӣ ва дигар иншооти ёрирасон то имрӯз беш аз 1 миллион сомонӣ маблағ масраф гардида, корҳои ободонӣ дар оянда низ ба роҳ монда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






