Шуғнон: вусъати корҳо барои рахна кардани обанбори сунъӣ

Ноябрь 12, 2015 02:53

Хоруғ, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Обанбори сунъие, ки дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон дар натиҷаи офати табиии тобистони имсола ба амал омад, метавонад барои аҳолии ин ноҳия ва дигар сокинони  навоҳии аз водии Ғунд поёнтар ҷойгирбуда хатари ҷиддиро ба вуҷуд оварад. Сардори ситоди  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи   шаҳрвандии ВМКБ Дӯстӣ Худоёров иброз намуд, ки барои рахна  намудани оби ин обанбор масъулин тайи чанд моҳ  кору лоиҳакашӣ намуданд, зеро дар ҳолати  сар задани заминларза ё дигар офати табиӣ якбора  рахна шудани он натиҷаи нохушро ба бор меоварад. Аз ин  обанбори сунъӣ то  неругоҳи барқи обии «Помир 1», ки неругоҳи калонтарини ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» мебошад ва нисфи  вилоятро бо барқ таъмин менамояд, на кам аз 500  метр  мебошад. Зиёд гардидани оби он дар фасли тобистон  ба фаъолияти ин неругоҳи барқӣ   бетаъсир нахоҳад монд. Ҳамчунин  дар ин рӯзҳои оғози  фасли зимистон обанбор   ях баста истодааст ва яхбандии оби он то неругоҳи барқи «Помир-1»  низ  натиҷаи нохушро ба бор хоҳад овард. Дарозии ин обанбори сунъӣ  зиёда аз 3,5 км буда, паҳноии он аз 200 то 700 метр мебошад. Чуқурии он аз 25 то 60 метрро ташкил  менамояд.  Барои  рахна намудани ин обанбори сунъӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд ва  имрӯз  корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи васеи вилоят  иброз дошт, ки  рахна намудани оби обанбори сунъӣ дар давоми   корҳои бартарафгардонии  оқибатҳои офати табиӣ сурат мегирад, ки  он ҳамарӯза  зери таваҷҷухи роҳбари давлат қарор дорад.  Муовини  раиси ВМКБ Исрор  Исроров гуфт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бобати рахна намудани оби обанбори сунъӣ тендер эълон  кард, ки ҶДММ «Панҷ» дар  он ғолиб омад. Ҳоло  ҶДММ «Панҷ» ба мавзеи  номбурда  се экскаватор ва 15 нақлиёти боркаш  интиқол додааст.  Кандани канал дар ин мавзеъ се моҳ  давом хоҳад кард.  Директори ҶДММ «Панҷ» Диловар Шогузанфаров  иброз дошт, ки   дарозии  умумии канал  806 метр буда, паҳноияш аз 9 то 13 метр мебошад.  Чукурии  канал  то 17 метрро ташкил медиҳад.

Ноябрь 12, 2015 02:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад