Силоҳбадасти худкуш худро дар роҳи ҳаракати қӯшунҳои НАТО тарконид
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Силоҳбадасти худкуш, ки дар автомобили минадор дар ҳудуди шаҳри Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманди Афғонистон ҳаракат мекард, худро дар роҳи ҳаракати мошинҳои қӯшунҳои НАТО тарконид.
Ба яке аз автомобилҳои қӯшунҳои хориҷӣ зарар расида, вале хидматчиёни қувваҳои эътилоф талафот надодаанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии Пажвок.
Бар асари таркиш як сокини осоишта ҳалок гардида, 12 нафари дигар аз ҷумлаи шаҳрвандон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон захм бардоштаанд.
Аз рӯи ин қазия тафтишот оғоз ёфта, масъулияти ҳамлаи худкушро то ҳол ягон гурӯҳи мухолифини мусаллаҳ ба дӯши худ нагирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






