Соҳибкорӣ — рушди иқтисодиёт аз нигоҳи навоварӣ
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — «Соҳибкорӣ — рушди иқтисодиёт аз нигоҳи соҳибкорӣ» — чунин аст мавзӯи асосии Форуми байналмилалӣ, ки имрӯз дар ҳошияи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Иштирокдорони чорабинӣ аз рӯи мавзӯъҳои мухталиф гузориш дода, сипас фикру мулоҳизаҳои худро дар мавриди мавзӯъҳои «Занон — пешсафони тиҷорат», «Ҷавонон, стартапҳо, навоварӣ ва технологияҳо» ва «Сармоягузорӣ ба стартапҳо: сармоягузории намунавӣ, маблағгузории интихобӣ ва дастгирии стартапҳо» баён мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ аз 16 то 20 ноябр дар Тоҷикистон идома меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






