Сохтмони 7 мактаби миёна то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна ҳамчун муассисаи давлатӣ соли 1999 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сохтмон ва таҷдиди биноҳои нотамоми мактабҳои миёна, ки асосан аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда буданд, таъсис шудааст.
Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ду марҳилаи лоиҳаро дар ҳаҷми умумии 23,0 миллион доллари ИМА пурра таъмин карда, дар айни замон татбиқи марҳилаи 3-юми лоиҳаи мазкур, ки дар доираи он 7 бинои мактаби миёна дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷакент, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Панҷ, Ҳисор ва Шуғнон бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, идома дорад.
Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






