Соли оянда дар Душанбе Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия доир мегардад
Душанбе, 13.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Интизор меравад, ки соли 2016 дар Душанбе Форуми навбатии байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо ҳайати парлумонии Русия таҳти сарварии Евгений Бушмин -муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид.
Мусоҳибон дар мулоқот масоили марбут ба густариши равобити байнипарлумонӣ ва таҳкими заминаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни минтақаҳои Русия ва шаҳру вилоятҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Бояд зикр кард, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз соли 2006-ум ин ҷониб баргузор гардида, рисолати худро дар самти рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарлумонӣ иҷро менамояд. Форуми мазкур соли гузашта дар шаҳр ва вилояти Маскави Русия доир гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






