Соли оянда дар Душанбе Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия доир мегардад

Ноябрь 13, 2015 06:30

Душанбе, 13.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Интизор меравад, ки соли 2016 дар Душанбе Форуми навбатии байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо ҳайати парлумонии Русия таҳти сарварии Евгений Бушмин -муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид.
Мусоҳибон дар мулоқот масоили марбут ба густариши равобити байнипарлумонӣ ва таҳкими заминаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни минтақаҳои Русия ва шаҳру вилоятҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд.  Бояд зикр кард, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз соли 2006-ум ин ҷониб баргузор гардида, рисолати худро дар самти рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарлумонӣ иҷро менамояд. Форуми мазкур соли гузашта дар шаҳр ва вилояти Маскави Русия доир гардид. 

Ноябрь 13, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа