Суғд: ҷаласаи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ оид ба назорати маъракаҳо
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2015 доир шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҳоло як шуъбаи вилоятӣ, 18 бахш дар шаҳру ноҳияҳо ва 115 сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 134 комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 2227 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаю ташкилот, муассисаю ширкатҳо ва хоҷагиҳо ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






