Суғд: Иштироки 25 ҳазор шаҳрванд дар иқдоми Тозагии маҳал
Суғд, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба рӯзи Сарқонуни ҶТ ва иҷрои қарори раиси вилоят дар бораи эълони 500 рӯзи меҳнати зарбдор ва инчунин истиқболи 25- солагии истиқлолияти ҶТ дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Суғд иқдомҳои Тозагии маҳал ва тозагии соҳил доир гардиданд.
Тибқи маълумоти раёсати муҳити зисти вилоят, дар тӯли гузариши аксияи мазкур дар ҳудуди вилоят наздик ба 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун, толибилмони макотибу коллеҷҳо ва соҳибкорон ширкат варзиданд. Зимни баргузории чорабинии мазкур дар натиҷа беш аз 11 км роҳҳо, 22,5 км соҳили дарё, канал, сой ва селроҳаҳо , 14,1 км ҷӯйборхо, зиёда аз 640 метри мураббаъ ҳудуди ташкилоту корхонаҳо аз партовгоҳ тоза шуда, 479,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳо бароварда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






