Суғд: Машварати корӣ оид ба решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф
Хуҷанд, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дирӯз дар Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки намояндагони прокуратураи вилоят, кормандони масъули дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ машварати корӣ доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз маркази иттилоотии раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар машварат панҷ масъала, аз ҷумла натиҷаи баррасии пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи маориф, сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамъоварӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, таҳлили вазъи пешниҳоди маълумоту ҳисобот аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардиданд.
Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят вобаста ба баррасии пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда тадбирҳои интизомии нисбат ба нафарони дар фаъолияташон ба қонуншиканию амалҳои коррупсионӣ роҳдода андешидашударо нокифоя арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






