Супоридани Эътимодномаи намояндаи доимии Тоҷикистон ба директори генералии IRENA

Ноябрь 16, 2015 12:48

Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 ноябри соли 2015 дар Аморати Абу Забӣ маросими супоридани Эътимодномаи намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии неруи таҷдидшаванда (IRENA) Юсуф Бобокалонов ба директори генералии IRENA Аднон З. Амин баргузор гардид.
Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷонибаи директори генералии IRENA бо намояндаи доимии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар бахши энергияи таҷдидшаванда ва роҳҳои пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар атрофи мушкилиҳои сайёра, алалхусус тағирёбии иқлим суҳбат намуда, зарурати пайдо намудани сарчашмаҳои алтернативии энергия, аз ҷумла манбаъҳои неруи таҷдидшавандаро таъкид карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори генералии IRENA ба Юсуф Бобокалонов дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш пешравӣ ва муваффақиятҳоро таманно намуд.

 

Ноябрь 16, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш