Сутунҳои оҳанини «Помирэнерҷӣ»-заминаи мусоиди гармӣ дар фасли сармо
Хоруғ, 2.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Кормандони Ширкати барқи «Помирэнерҷӣ» ҷиҳати омодагии хуб ба фасли зимистон дар мавзеъҳои хатарноки худуди вилоят сутунҳои оҳанини замонавиро шинонданд, ки дар таъмини сокинон бо неруи барқ дар фасли сармо мусоидат менамоянд.
Дар мавзеи Баржир, ки дар самти роҳи мошингузари ноҳияи Шуғнон ва Ишкошим воқеъ аст, дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ ноқилҳо ва симчӯбҳои неруи барқ корношоям мегарданд. Ҳамасола пас аз тармафароӣ кормандони Ширкати «Помирэнерҷӣ»» ноқилҳоро таъмир намуда, сокинонро бо неруи барқ таъмин менамоянд.
Вале, имсол тасмим гирифтанд, ки хатҳои неруи барки ин мавзеъро ба ҷойи бехавф кӯчонанд, то аз тармафароӣ осеб набинанд.
Ҳоло бо талоши кормандони ширкат дар ин ҷо таъмири хатти баландшидати неруи барқи 35-110 киловатта идома дорад. Кормандони «Помирэнерҷӣ» барои шинондани сутунҳои оханини замонавӣ чуқурӣ канда, онҳоро дар ин ҷо насб менамоянд. Аллакай 5 адади он гузошта шуда, корҳои дигари таъмирӣ идома доранд.
Бояд иброз дошт, ки кормандони Ширкати барки «Помирэнерҷӣ» дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки ҳангоми офати табиӣ хатти неруи барқ пурра хароб гардид, онро аз нав барқарор намуданд.
Дар ин мавзеъ имсол бо гузошта шудани сутунҳои замонавӣ интиқоли неруи барқ дар фасли зимистон ба сокинони ноҳияи Ишкошим ва қисми ноҳияи Шуғнон беҳтар мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






