Тахфифҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон барои интиқолдиҳандагон

Ноябрь 5, 2015 05:28

Душанбе. 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи музокироти байни  КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар” ба пешниҳоди як зумра тахфифҳои дуҷониба барои интиқолдиҳандагони борҳои гуногун тавассути нақлиёти роҳи оҳан  ноил гардиданд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 22 октябри соли равон аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳод намудани тахфиф (коэффитсенти пасткунанда-0,85) барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва  алюминий дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес ва Қудуқлӣ-Қарақалпоқистон,  инчунин барои бекор кардани  коэффитсиенти зиёдкунанда (1,83) дар қиъаи роҳи оҳани Болдир- Қудуқлӣ дар давраи аз 15 октябри соли  2015 то 31 декабри соли 2015 барқиянома ворид гардид.
Дар пайвастагӣ ба ин  аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ барқиянома аз 20 октябри соли 2015 барои пешниҳоди имтиёзҳо (коэффитсиентҳои имтиёзӣ 0,7 ва 0,85) барои интиқол аз тариқи қитъаи транзитии роҳи оҳани Тоҷикистон (Спитамен-Истиқлол) барои борҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод гардиданд. 
Пешниҳоди тахфифҳо ба рушди ҳамлу нақли борҳо байни ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.

Ноябрь 5, 2015 05:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд