Таъйини ҷазо барои кумаки бевосита дар амалисозии фаъолияти экстремистӣ

Ноябрь 11, 2015 09:24

Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар). — Тибқи маълумоти сомонаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  шаҳрванд М. М. бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 307  қисми 2 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳи қисман зам намудани ҷазо аз рӯи маҷмўи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8  солу 6 моҳ, бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш пурзўр таъйин кард. 
Номбурда охирҳои моҳи августи соли 2008 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар карда, баъди 2 ҳафта бо дастур ва кумаки молии  амакаш Мусулмонқулов Фарҳод Раҳмонқулович барои гирифтани таълими динӣ ба давлати Мисри Араб сафар намуда, дар Маркази таълимии «Халил» муддати 11-моҳ забони арабиро омӯхтааст. Ин даъфа М.М. ба шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии  Исломии Эрон сафар карда, дар  донишгоҳи «Дорул-улуми-Зоҳидон» таълимоти динӣ гирифта,  моҳи сентябри соли 2010 ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргашта, бо воситаи шабакаи байналмилалии интернет ба сомонаҳои «Аҳли сунна», «Шайх-Муҳаммад-Арифи», «Шайх Муҳаммад Ҳасан», «Шайх Муҳаммад Рослан», «Шайх Мустафо Адавӣ», «Шайх Муҳаммад Иброҳим», «Шайх Пурдил» ва сомонаи «aqeedeh.com» ворид шуда, ба дигар  истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ низ  ҳангоми  бурдани баҳсҳои динӣ ва ақидавӣ ин саҳифаҳои сомонаҳоро ирсол кардааст,  то  ки  онҳо  китобҳои дар сомонаҳои номбаршуда ҷойшударо хонанд. 
М.М. моҳи июни  соли 2011 дубора ба шаҳри Қоҳираи Мисри Араб, ба назди як узви фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ — Қурбонов Музафархон Юлдошевич бо тахаллуси «Шайх Музафар» барои гирифтани таълимоти динии террористӣ-экстремистӣ равон гардидааст. Номбурда фикру ақидаҳои иттиҳодияҳои террористӣ ва экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва дигар равияҳои экстремистию террористиро  тарафдорӣ намуда, супориш гирифтааст, ки барои саҳмгузорӣ дар иштирок намудан барои ҷиҳод бар зидди сохти конститутсионии ҳамаи давлатҳои дунё, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмон додани давлати исломии шариатӣ дар шакли Хилофат, бояд дар ҳудуди шаҳри Маскави Федератсияи Русия  барои аъзо ва ҷалбшудагони иттиҳодияҳои ҷиноятии  мазкур  раводид ва дароз намудани муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷии онҳоро, ки дар давлатҳои Миср, Афғонистон, Покистон фаъолияти ҷинояткоронаи худро давом медоданд, кумак расонад. 
Бо ин мақсад  номбурда аз солҳои 2012 — 2014  дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия амру супоришҳои Қурбонов М.Ю.-ро иҷро намуда, ба воситаи шабакаи Интернет ба шахсоне, ки Қурбонов М.Ю. аз ҳисоби ҳамақида ва ҳамшариконаш ба назди ӯ мефиристонид ва ё ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи почтаи электронӣ ба ӯ равон мекардааст, ки  аксарияташон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, раводиди давлати Мисрро гирифта, ба онҳо чиптаи тайёраи самти Маскав-Хургадаро дастрас намудааст. Минбаъд ин шахсон ба давлатҳои Мисру Покистон, Арабистони Саудӣ ва Афғонистон сафар карда, ба фаъолияти экстремистию террористӣ машғул шудаанд. Бо ҳамин ҳаракатҳояш ӯ ба аъзо ва шахсони навҷалбшудаи иттиҳоди террористӣ ва эсктремистии  “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», ки фаъолияти он аз  30-юми марти соли 2006 ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ», ки фаъолияти он аз 3-юми  майи соли 2012 дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ  шудаанд, кумаки бевосита барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистиашон расонидааст.

Ноябрь 11, 2015 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад