Талошҳои «Созандагони Ватан» барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар шаҳри Қурғонтеппа мизи мудаввар дар мавзўи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он»-ро баргузор намуд.
Дар кори мизи мудаввар ҷавонон аз навоҳии мухталифи вилояти Хатлон, намояндагони мақомоити прокуратура, суд ва амнияти вилоят, рӯзноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти минтақавии муҳоҷират иштирок намуда, доир ба роҳҳои ҳалли пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ибрози ақида намуданд. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо, ки дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва навоҳии минтақаи Рашт низ аз ҷониби ташкилоти ҷавонони ҲХДТ доир гардида буд, дарёфти омилҳои ифротгароии ҷавонон ва таҳияи механизмҳои муосири корбарӣ дар асоси фикру таклифоти чунин чорабиниҳо арзёбӣ мегардад. Зеро ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад, ки ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намуда, қувваи созандаи онҳоро ба корҳои хайри ҷамъиятӣ сафарбар намояд ва онҳоро аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, огоҳ намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






