Тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ шурӯъ гардиданд
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). Ин лаҳзаҳо дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои идона оғоз ёфт. Сарвари давлат зимни суханронии худ бо такя ба оини парчамдории тоҷикон Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон номида, таъкид дошт, ки: парчамдорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад.
Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бори дигар табрик гуфт ва орзу намуд, ки: Парчами давлатии мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон парафшон бошад.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари тантанаҳои ҷашнӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ду таблои калон насб гардида, дар онҳо таърихи парчамдории тоҷикон -сар аз давлати Каёниён то замони муосир ва дастовардҳои Тоҷикистони азиз ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон дар дасти тамоми ширкаткунандагон ва тамошобинон парчамҳои миллӣ парафшонӣ доранд. Ин манзара басо диданӣ ва руҳбахшу илҳомдиҳанда аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






