Тавлиди кӯдакони маъюб сабаби пошхӯрии оилаҳо мегардад

Ноябрь 20, 2015 11:33

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»)- «Солимии миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад ва оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. Дар раванди таҷлили соли оила мақсади асосии ҷарроҳии пластикӣ- ин мусоидат намудан ба пойдориву устувории оилаҳо мебошад, зеро солҳои охир пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аз сабаби тавлиди кӯдакони маъюб, ки дар натиҷаи никоҳи хешовандони наздик ба амал омадааст, зиёд ба чашм мерасад »,- гуфт имрӯз  зимни маърӯзаи худ номзади илмҳои тиб, мудири шуъба дар маркази ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Абдумалик Давлатов дар мавзӯи «Аҳамияти ҷарроҳии пластикӣ дар солимгардонии муҳити оила» дар 63-юмин  конфронси илмӣ- амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо номи «Саҳми илми тиб дар солимии оила», ки бахшида ба Соли оила доир гардид. 
Ҳамчунин  дар конфронс зикр шуд, ки имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18- сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд, ки шумораи назарраси ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешутаборӣ таваллуд шудаанд.

 

Ноябрь 20, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад