Террористон «хуб» ва ё «бад» намешаванд
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Силсилаи амалҳои террористии дар Париж рӯйдода зарурати нобуд кардани террористонро, дар куҷое, ки набошанд, тасдиқ мекунад,-гуфтааст раиси кумитаи Парлумони палатаи болоии Федератсияи Русия Андрей Клишас. Дар ин бора сомонаи иттилотии «Russian.com» иттилоъ дода, суханони зерини сенатор Клишасро иқтибос кардааст, ки: «террористон «хуб» ва ё «бад» намешаванд, онҳоро набояд ба террористони «радикалӣ» ва ё «муътадил» ҷудо кард, балки кишварҳои ҷаҳонро мебояд ин вабои асри 21-ро аз решааш несту нобуд кунанд, зеро террористон дар ҳама ҷо ҳамлаҳои террористӣ содир карда, ба сокинони осоишта зарар мерасонанд ва одамони бегуноҳро қатл мекунанд».
Силсилаи амалҳои мудҳиши террористӣ, ки шоми дирӯз дар Париж руй доданд, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон карда, хатари ҷиддӣ доштани созмонҳои террористии ДИИШ, «Ал-қоида» ва монанди инҳоро барои инсоният возеҳ нишон дод. Як гурӯҳи коршиносон чунин мешуморанд, ки терроризм бар зидди ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҷанг эълон кардааст ва роҳбарони ҳама кишварҳоро мебояд муборизаи якҷояро ба муқобили ин вабои аср роҳандозӣ кунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






