Тоҷикистон — Украина: баъзе амвол аз низоми савдои озод бароварда мешавад
Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Радаи Олӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи протоколи байни Девони вазирони Украина ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз низоми савдои озод баровардани баъзе амвол тибқи созишномаи байни Девони вазирони Украина ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдои озод аз 6 июли соли 2001» — ро қабул намуд. Ба тарафдории қарори мазкур 239 нафар вакилон овоз доданд.
Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Украина Наталя Миколская, мақсади асосии лоиҳаи қонун иборат аз ворид намудани тағйирот мутобиқи тартиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо баъди ворид шудани Тоҷикистон ба созмони мазкур мебошад.
Ба феҳрасти амволе, ки аз низоми савдои озод бароварда ва ҷониби Украина дар мавриди ба Тоҷикистон фиристодани онҳо боҷи содиротиро ҷорӣ менамояд, донаи офтобпараст шомил аст. Феҳрасти амволе, ки аз низоми савдои озод бароварда ва ҷониби Тоҷикистон нисбат ба онҳо боҷи содиротӣ мегузорад, иборат аз спирти этилӣ, вермут ва оби ҷав мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






