Убайдуллоев раисони шаҳру вилоятҳоро ба сарфакории неруи барқ ҳидоят намуд
Душанбе, 12.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев 12 ноябр дар ҷараёни иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ аъзои палатаи болоии Парлумонро, ки аксарияташон раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд, даъват намуд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон дар маҳалҳо неруи барқро сарфакорона истифода намоянд. Ҳидояти раиси Маҷлиси миллӣ аз аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар барои сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ дар минтақаҳо дар ҳолест, ки 10 ноябр Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ба кор даромада, 242 иншот ва хонаҳои истиқоматии пойтахтро бо гармӣ таъмин менамояд.
Мавриди зикр аст, ки талаботи ҷумҳурӣ, хусусан пойтахти кишвар бо сард гардидани ҳаво дар мавсими тирамоҳу зимистон ба неруи барқ афзоиш меёбад.
Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон шаҳрдори Душанбест, гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар пойтахти кишвар беш аз 10 миллион кВт соат неруи барқ истифода гардидааст, ки он нисбат ба 10-15 рӯзи қабл ду баробар зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






