Қурғонтеппа: Нахустнамоиши «Асрори тақдир»

Ноябрь 16, 2015 04:36

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид. Коргардон — таҳиягари филм коргардони ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Русия бо  маҳорати баланд филмро таҳия намудааст. Тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани дониши ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии коргардон аст ва дар филм баръало эҳсос мешавад.
«Имсол, ки Сарвари  давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати рушди соҳаи синамо таъкид кард, мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ як филми пурраметражи иҷтимоиро таҳия ва манзури тамошогарон кунем, — гуфт Хайрулло Давлатов, муаллифи сенарияи филми «Асрори тақдир».
Филм аз ишқи ду ятиме қисса мекунад, ки бо мушкилиҳои зиёде ба воя мерасанд ва дар ҳаёташон дучори монеасозиҳо, хиёнати дӯстон ва мисли инҳо мешаванд. Қаҳрамонҳои «Асрори тақдир» бо либоси зебои миллӣ ҷилва карда, дар тамоми саҳнаҳои филм меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ риоя шудаанд. 
Ҳунармандони маъруфи кишвар Қурбони Собир, Назирмад Мусоев, Моҳпайкар Ёрова, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Зафари Валӣ, дар нақши Зафар донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода Маряна Баракбаева ва корманди Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ Наргиси Муҳаммадшариф даъват шуда, нақшҳои асосиро бозидаанд. Аз ҷониби тамошобинон филм бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Зафари Валӣ боз як филми нави мазҳакавии «Хаёлӣ»-ро рӯи навор оварда истодааст, ки аллакай 70 фисади он сабт шудааст ва дар ояндаи наздик пешкаши мухлисон хоҳад гардид.

Ноябрь 16, 2015 04:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад