Қувваҳои ҳарбии Русия ва Фаронса ба ДИ муташаккилона зарба мезананд
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои ҳарбии Русия ва Фаронса ба созмони террористии ДИ муташаккилона зарба мезананд. Шоми 17 ноябр сарварони давлатҳо зимни суханронӣ тавассути телефон дар бораи ҳамкории зичтар дар ҷараёни амалиёт дар Сурия мувофиқат карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.
Як рӯз пеш Владимир Путин дар маркази миллии идораи мудофиаи Русия дар бораи амалиёти қувваҳои ҳарбии кайҳонӣ дар Сурия машварат доир намуд.
Президент дар машварат чунин гуфт: «Вақтҳои наздиктарин гурӯҳи ҳарбии баҳрии Фаронса бо иштироки киштии тайёрабар ба минтақаи амалиёти шумо меояд. Бояд бо фаронсавиҳо робитаи мустақим барқарор намуда, бо онҳо, чун бо иттифоқчиён кор кард». Ба сардори Ситоди генералӣ ва вазири мудофиа дар бораи барқарор намудани робита дастурҳо дода шуданд. Ба гуфтаи сарвари Русия, онҳо бояд якҷоя бо ҷониби Фаронса нақшаи амалиётҳои муштарак «чӣ дар баҳр ва чӣ дар ҳаво» — ро тарҳрезӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






