ВАО: Дар амалҳои террористии Париж наврасони 15-18 сола даст доштаанд

Ноябрь 15, 2015 12:34

Душанбе, 15.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои нашрияи «Le Figaro», се террористе, ки дар амалҳои террористии Париж даст доштаанд, 15-18 сола будаанд. 

Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр пойтахти Фаронса шаҳри Париж ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон доданд. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатбори террористон 129 нафар ҳалок ва беш аз 320 каси дигар захмӣ шуданд. Ҳолати беш аз 90 нафар захмӣ хеле вазнину бӯҳронӣ арзёбӣ мегардад.

Ноябрь 15, 2015 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш