Вазъи таъминот бо оби нӯшокӣ дар Кӯлоб беҳтар мегардад
Кӯлоб, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Корхонаи обу корези шаҳри Кӯлоб ба беш аз 100 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Солҳои охир барои таъмини сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти обрасонӣ таҷдид шуда, иқтидори истеҳсолии он баланд гардидааст. Ба гуфти Сафар Мардонов, сармуҳандиси корхона, оби нӯшокӣ ба шаҳри Кӯлоб асосан аз мавзеи Ҷангалак, ки 7 километр дуртар аз шаҳр ҷойгир аст, интиқол меёбад. Дар ин мавзеъ чашмаҳо зиёданд ва ҳолати санитарии онҳо нигаронкунанда буд. Бо назардошти ин вазъият чашмаҳои мавзеи мазкур таъмир шуда, иншооти наву замонавӣ бо нақби обрав ба истифода дода шуд. Баробари беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва бунёди маҳаллаҳо, хонаҳои баландошёна ва коргоҳу корхонаҳо талабот ба оби нӯшокӣ афзоиш меёбад. Аз ҷониби дигар набудани оби полезӣ дар шаҳр кори кормандони Корхонаи обу корезро мушкил гардонидааст. Ба иттилои кормандони Корхонаи обу корези шаҳри Кӯлоб ҳоло аз пойгоҳҳои обкашӣ дар як шабонарӯз ба шаҳр аз 48 то 50 ҳазор куб об интиқол дода мешавад ва аз соли оянда ин рақам афзоиш меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






