Вазорати дифои ФР: Ҳавопаймои Су-24-и Русия тахминан дар ҳудуди Сурия зада шудааст
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки ҳавопаймои СУ-24-и суқуткарда моликияти қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия буда, дар қаламрави Сурия зада шудааст.
Бино ба тафсири ҷониби Русия, ҳавопаймои СУ-24-и суқуткарда аз замин зада шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи ФР хабар медиҳад.
Бино ба изҳороти Вазорати мудофиаи Русия, ҳавопаймо дар баландии 6000 метр қарор доштааст.
Сарнавишти сарнишинон муайян шуда истодааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ба сарнишинон муяссар гардидааст, ки раҳоӣ ёбанд.
«Ҳамчунин ҳолати суқути ҳавопаймои Русия муайян шуда истодааст. Вазорати дифои Русия изҳор медорад, ки дар давоми парвоз ҳавопаймо комилан дар ҳудуди Сурия қарор дошт. Ин аз ҷониби дастгоҳҳои назоратии объективӣ сабт шудааст», — мегӯянд аз Вазорати мудофиаи Русия.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки ҳавопаймои ҳарбии дар марзи Туркия ва Сурия суқуткарда аз ҷониби неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Туркия зада шудааст. Дар ин бора Reuters иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои CNN Turk, ду сарнишин худро аз ҳавопаймо раҳо кардаанд.
Тавре ки сарчашмаи ҳарбии Туркия ба Reuters нақл кардааст, ҳавопаймои F16S НҲҲ-и Туркия ҳавопаймои бегонаро, ки марзи ҳавоии Туркияро ғайриқонунӣ убур мекард, зада афтонд.
Ҳавопаймо дар кӯҳҳои сарҳади Туркия бо Сурия суқут кардааст. Бино ба иттилои манбаи Reuters, пеш аз зада афтонидани ҳавопаймо F16-и Туркия онро аз убури ғайриқонунии сарҳади ҳавоӣ огоҳ кард.
Дар навбати худ CNN Turk бо такя ба сарчашмаи худ иттилоъ медиҳад, ки яке аз сарнишинон аз ҷониби туркманҳои Сурия, ки дар мавзеи суқути ҳавопаймо зиндагӣ мекунанд, дастгир шудааст.
Сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлӯ вазири корҳои хориҷии Туркияро муваззаф кардааст, ки бо НАТО, СММ ва кишварҳои бо онҳо алоқаманд вобаста ба ҳаводиси ахир дар марз бо Сурия машварат гузаронад. Дар ин бора «Reuters» бо истинод ба изҳороти дафтари Сарвазир иттилоъ медиҳад.
Бино ба хабари Би-Би-Си, дар ҳудуде, ки ҳавопаймо суқут кардааст, қувваҳои ҳавоии Русия ва Сурия ба ифротиёни исломӣ зарба мезаданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






