Вазорати корҳои дохилӣ бобати гузаронидани ислоҳоти милитсия як қадам пеш аст
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Мақомоти корҳои дохилӣ аз муҳимтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки ба амнияти давлат ва кишвар хатар эҷод менамоянд, саҳми назаррас мегузорад»,- гуфт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз зимни маърӯзаи худ дар конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Ҳамчунин муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Ваҳҳобов оид ба ислоҳоти милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ андешаронӣ карда, ҳамчунин гуфт, ки Вазорати корҳои дохилӣ бобати гузаронидани ислоҳоти милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди таҳкими қонуният, конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ як қадам пеш маҳсуб мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






