Вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО
Душанбе, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-3 ноябри соли 2015 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба шаҳри Париж ташриф оварда буд, дар Дафтари ЮНЕСКО бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова мулоқот доир кард.
Дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон дар ҳайати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндаи доимии кишвар дар назди ЮНЕСКО сафир Рустамҷон Солиев ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ ширкат варзид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 70-солагии ЮНЕСКО ба Ирина Бокова супорид. Ирина Бокова аз ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хоси Роҳбари кишвар ба ЮНЕСКО изҳори миннатдорӣ карда, аз таассуроташ зимни вохӯрӣ бо Президенти кишвар дар Ню-Йорк ёдовар шуд.
Дар суҳбат масъалаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пеш аз ҳама, ҳозирин доир ба ворид намудани маҷмааи “Кохи Наврӯз” ва шаҳраки қадимаи Карон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонӣ ва номгӯйҳои “Оши палов” ва “Чакан” ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият табодули назар карданд.
Ҳамчунин ба Ирина Бокова туҳфаи хотиравӣ вобаста ба 3000-солагии Ҳисор ва 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тақдим гардид. Дар навбати худ Ирина Бокова ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификат оид ба ворид шудани Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи мероси ҷаҳониро супорид.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






