Вохӯрии директори АНМН бо намояндагони СММ

Ноябрь 4, 2015 04:58

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-3 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо муовини мушовири минтақавии Барномаи Рушди СММ оид ба амният дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ Дамян Згаҷнер ва мушовири амнияти СММ дар Тоҷикистон Андрей Кандибко  баргузор гардид.  
Дар вохӯрӣ директори агентӣ меҳмононро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳҳои интқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба Тоҷикистон, хатсайрҳои асосии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон шинос намуд. 
Дар  вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва экстремизм баррасӣ гардиданд.  
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбад.  

 

Ноябрь 4, 2015 04:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад