Ёвон: Муҳоҷирони дохилӣ чӣ ҳол доранд?

Ноябрь 23, 2015 06:47

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ  бо вазъи зисти муҳоҷирони  дохилӣ аз мавзеи Саъдии Шерозии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон дидан намуд.  Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 оила аз ноҳияи Тоҷикобод, аз  ҷумла дар соли 2012 — 20, соли 2013-4  ва соли 2014-3 оила ба  ноҳияи Ёвон кӯчонида шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ  бо миқдори 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, ба ҳар як сардори оила тавассути бахши «Амонатбонк»-и ноҳияи Ёвон ба миқдори 1500 ва 3000 сомонӣ маблағи қарзи имтиёзнок пардохт  шуд. Ҳоло 7 оила сохтмони хонаҳои истиқоматиро ба анҷом расонида, аллакай  зиндагӣ доранд. 2 оила девор ва 3 оилаи дигар  таҳкурсӣ бардошта,  8 оила сангу шағал захира намуданд.  Танҳо 7 оилаи боқимонда корҳои сохтмониро оғоз накардаанд.
          Дар вохӯрӣ бо гурӯҳи корӣ муҳоҷирони дохилӣ  Минҳоҷиддин Абдуллоев, Эмомҷон Давлатёров ва чанде дигарон дар масъалаҳои набудани  оби полезӣ ва роҳҳои дохилихоҷагӣ  шикоят намуданд. Бояд зикр намуд, ки аз  ҷониби сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” -и ноҳияи Ёвон  дар дохили деҳа симчўбҳо шинонида шуда,  як трансформатор  насб гардида,   бо барқ пайваст шудааст, ки  муҳоҷирон  дар кори  таъмин бо барқ мушкилӣ  надоранд.  
          Гурӯҳи корӣ  фикру андеша ва дархости муҳоҷирони дохилиро барои беҳтар гардонидани шароити зисташон ба инобат гирифта, тасмим доранд дар ҳамкорӣ бо дигар макомоти дахлдор  камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

 

 

Ноябрь 23, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст