Ёвон: Муҳоҷирони дохилӣ чӣ ҳол доранд?
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисти муҳоҷирони дохилӣ аз мавзеи Саъдии Шерозии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон дидан намуд. Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 оила аз ноҳияи Тоҷикобод, аз ҷумла дар соли 2012 — 20, соли 2013-4 ва соли 2014-3 оила ба ноҳияи Ёвон кӯчонида шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ бо миқдори 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, ба ҳар як сардори оила тавассути бахши «Амонатбонк»-и ноҳияи Ёвон ба миқдори 1500 ва 3000 сомонӣ маблағи қарзи имтиёзнок пардохт шуд. Ҳоло 7 оила сохтмони хонаҳои истиқоматиро ба анҷом расонида, аллакай зиндагӣ доранд. 2 оила девор ва 3 оилаи дигар таҳкурсӣ бардошта, 8 оила сангу шағал захира намуданд. Танҳо 7 оилаи боқимонда корҳои сохтмониро оғоз накардаанд.
Дар вохӯрӣ бо гурӯҳи корӣ муҳоҷирони дохилӣ Минҳоҷиддин Абдуллоев, Эмомҷон Давлатёров ва чанде дигарон дар масъалаҳои набудани оби полезӣ ва роҳҳои дохилихоҷагӣ шикоят намуданд. Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” -и ноҳияи Ёвон дар дохили деҳа симчўбҳо шинонида шуда, як трансформатор насб гардида, бо барқ пайваст шудааст, ки муҳоҷирон дар кори таъмин бо барқ мушкилӣ надоранд.
Гурӯҳи корӣ фикру андеша ва дархости муҳоҷирони дохилиро барои беҳтар гардонидани шароити зисташон ба инобат гирифта, тасмим доранд дар ҳамкорӣ бо дигар макомоти дахлдор камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






