Ёвон: ниёз ба духтурони соҳибтаҷриба

Ноябрь 30, 2015 03:44

Ёвон, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Соли равон ба  беморхонаҳои  ноҳияи Ёвон  аз ҳисоби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи  153 ҳазор сомонӣ  таҷҳизоти тиббии рентгенӣ, мобилӣ,  монитори назди кати бемор,  катҳои функтсионалӣ, микроскоп ва нимкатҳо  ворид шуданд. 
   Аз ҳисоби маблағҳои  воридшуда барои  беморхонаи марказӣ катҳо, нимкатҳо, таҷҳизоти сахт, ҷевон, мизу курсӣ  харид гардид. 
  Дар ноҳияи Ёвон барои беҳдошти  соҳаи тандурустӣ,  аз ҷумла барои таъмири  ошёнаи дуюми бинои панҷошёнаи беморхонаи марказӣ  1 миллиону 50  000 сомонӣ, аз тарафи  ҶДММ «Хуаксин  Ғаюр Семент» 200 000 сомонӣ  ва аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  1,7 миллион сомонӣ барои таъмири бинои дуошёнаи  комплекси  нотамоми  беморхонаи марказӣ  ҷудо гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмири  пурра  ҷараён доранд.   Дар баробари    ин ободкориҳои  соҳаи тандурустии ноҳия, боз мушкилоти зиёде боқӣ мондаанд, ки дар оянда умед аст ҳалли худро ёбанд.
Сохтмони комплекси  нотамоми  беморхонаи марказӣ, таъмирталаб будани  ошёнаи якум, дуюм ва пешдолонҳо аз  ошёнаи  якум  то панҷуми  бинои панҷошёнаи  беморхонаи марказӣ,  таъмирталаб будани  боми беморхонаи  рақами №1 ва боми беморхонаи рақами №3,  нарасидани нақлиёти  ёрии таъҷилӣ, хизматӣ ва сӯзишворӣ,  нарасидани мутахассисони  духтури тибби оилавӣ,  ренгенолог, руҳшинос,  нарколог, духтури кӯдакона дар беморхонаҳои рақамӣ, таъмирталаб будани лифтҳои беморхонаи марказӣ ва  маркази саломатӣ ва сохтмони буғхонаи марказӣ аз ҷумлаи ин мушкилотанд. 

 

Ноябрь 30, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд