ЮНЕСКО номзадии «Чакан» — ро барои ворид кардан ба феҳрасти муаррифии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баррасӣ мекунад
Душанбе, 26.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Аз 29 ноябр то 4 декабр дар шаҳри Виндҳуки Намибия ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ баргузор мешавад.
Дар ҷаласа ҳафт номзад барои ворид намудан ба феҳрасти иншоотҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки ба ҳифзи таъҷилӣ эҳтиёҷ доранд ва сию чор номзад барои ворид намудан ба феҳрасти муаррифии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баррасӣ мешаванд.
Чакан, ки санъати бахиядӯзӣ дар Кӯлоб ба шумор меравад, соли 2015 номзад барои ворид намудан ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият гардид.
Ғайр аз ин, бархе принсипҳои ахлоқӣ, ки бояд барои ҳифзи мероси ғайримоддӣ риоя шаванд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Имрӯз феҳрасти муаррифии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият 314 иншоотро дар бар мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






