Зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон дар соли 2015 кадом аст?

Ноябрь 24, 2015 03:10

Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Расонаи иттилоотии «Ховар» барои муайян кардани шаҳри тозатарин, зеботарин ва муосири Тоҷикистон дар соли 2015 миёни хонандагони сомона назарпурсӣ мегузаронад. Назарпурсӣ ду ҳафта идома ёфта, рўзи 7-уми декабр ҷамъбаст мешавад. Дар назарпурсӣ ҳама нафарон, новобаста аз касбу кор метавонанд иштирок кунанд. 7 шаҳри мамлакат- Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Норак ва Турсунзода дар рӯйхат номнавис шудаанд. Хонандагон бояд холисона муайян кунанд, ки кадоме аз ин шаҳрҳо дар давоми соли равон тозатару озодатар гашта, корҳои ободониву сохтмонӣ, роҳсозӣ ва муосиршавии инфрасохторӣ дар ин шаҳрҳо бештару беҳтар тақвият ёфтаанд. 
Ҳадаф аз баргузории назарпурсӣ тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ, мусоидат ба муомила, муносибат, муошират ва сатҳи хизматрасонии баланд дар миёни сокинони шаҳрҳои мамлакат мебошад. 

 

Ноябрь 24, 2015 03:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад