«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба нашр расид
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз сӯи нашриёти давлатии «Ирфон» китоби нави муҳаққиқи ҷавон Носирҷон Маъмурзода, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» ва ҳамзамон устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ ба номи Носири Хусрав бо номи «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба нашр расид.
Рисола таълифоти муаллифро доир ба заминаҳои пайдоиши ВАО-и минтақавӣ дар Тоҷикистон, вазъият, тамоюлҳо, инчунин дурнамои рушди журналистикаро дар вилояти Хатлон дар бар мегирад. Ин нахустин кӯшиши пажӯҳиш ва аз нуқтаи назари илмӣ арзёбӣ кардани таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии вилояти Хатлон мебошад.
Ба қавли муҳаррири масъули маҷмӯа профессор Абдусаттор Нуралиев, муаллиф дар ин китоб перомуни заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули матбуот дар ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри гузашта, нақши аввалин рӯзномаи музофотӣ дар Хатлон — «Зарбдори сохтмони Вахш» дар рушди журналистикаи минтақавӣ, баъзе масъалаҳои услуби баён ва риояи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вазъ ва муҳтавои матолиби ВАО-и музофот дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули расонаҳои электронии ахбор, вазъи амнияти иттилоотӣ, бозтоби вазъи иҷтимоии занони музофот аз нигоҳи занони журналисти вилояти Хатлон, сиёсати редаксионии ВАО ва инъикоси раванди сулҳу нақши ВАО-и Тоҷикистон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ андешаҳо ва хулосаи таҳлилҳояшро баён доштааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






