11 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар Қазоқистон
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон 11 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тавре ки КМО хабар медиҳад, паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон 9 медал гирифтанд. Ҳафт нафари онҳо — Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) — ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Инчунин ду гӯштингири тоҷик — Ардашер Исмоилов (52 кг) барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар сабқати занон Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) ба тими мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра оварданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






