18 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ соли 2016 имтиҳонро тариқи ММТ месупоранд
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон барои 85 000 довталаб маводҳои омӯзишиву таблиғотиро омода кардааст. Маҳмадалӣ Раҳмонов-муовини директори ММТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар баробари 8 муассисаи таҳсилоти касбӣ, ки соли 2015 тавассути низоми марказонидаи тестӣ имтиҳон қабул карданд, инчунин дар соли 2016 боз 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин низом шомил гардиданд ва дар маҷмӯъ 30 муассисаи олии касбӣ ва 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин низом шомил гардиданд.
Маҳмадалӣ Раҳмонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар назар аст рӯзҳои 13, 14 ва 15 январи соли 2016 корҳои фаҳмондадиҳӣ барои намояндагони 68 шаҳру ноҳия гузаронида шуда, инчунин охири моҳи январ барои намояндагони ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ва моҳи феврал барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бақайдгирии довталабон дар соли таҳсили 2016-2017 аз моҳи марти соли 2016 оғоз гашта то 15 апрел идома меёбад ва аз 16-ум то 30-юми апрел давраи азнавбақайдгирӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






