800 млн. сомонӣ барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзишӣ
Суғд, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давраи моҳҳои январ- октябри соли равон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиши вилояти Суғд беш аз 797,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки ин 81,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро дар бар мегирад.
Бо таъкиди ин нукта аз Сарраёсати молияи вилоят хабар доданд, ки дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои маориф 451,3 миллион сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ 225,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 107,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Ҳамзамон, маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии соҳаҳои мазкур, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва маоши кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, пурра ва сари вақт роҳандозӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






