А. Раҳнамо: «Масъалаи Пешвои миллат хеле фаротар аз масъалаи як шахс аст»

Декабрь 10, 2015 12:22

Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — 9 декабри соли 2015 Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонд. Баробари қабул шудани қонун он мавриди таваҷҷуҳи васеи мардуми кишвар ва доираҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти таърихии қонуни мазкур дар сарнавишти давлатдории навини тоҷикон, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо мусоҳиба анҷом дод.

Пешвои миллат кафили устувории давлатдории миллӣ мебошад

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Абдуллоҳи Раҳнамо! Мехостем Шумо ҳамчун сиёсатшиноси касбӣ пеш аз ҳама, дар бораи заминаи таърихӣ ва сиёсии қабули ин қонун чанд сухан мегуфтед?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ҳар қонуне, ки қабул мешавад, замоне устувор ҳисоб шуда, мавриди истиқболи ҳамагонӣ қарор мегирад, ки воқеияти ҷомеа, арзишҳои умумимиллӣ, манфиати давлат ва мардумро ифода намояд. Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷумлаи ҳамин гуна қонунҳост, зеро он ба як воқеияти аллакай вуҷуддошта расмияти ҳуқуқӣ мебахшад. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти сиёсию давлатии худ ва дар натиҷаи хидматҳое, ки барои давлат ва ҷомеаи мо ба ҷой овардааст, кайҳо боз ҷойгоҳи худро ҳамчун пешвои миллат касб намудааст. Аз ин рӯ, барои мардуми Тоҷикистон пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, на як банди қонун ё як унвони ҳуқуқӣ, балки эътирофи як ҷойгоҳи табиӣ, як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум бо сарбаландӣ ба ҷой овардааст.

Яъне, чунин нест, ки Эмомалӣ Раҳмон фақат пас аз қабули ин қонун Пешвои миллат мешавад, балки ин воқеият то имрӯз аллакай ҷорист ва мардум ин мақоми таърихии ӯро пазируфтаанд. Қонуни мазкур ин воқеияти ҷориро расмият ва ифодаи ҳуқуқӣ додааст. Аз ин рӯ, ин қонун мавриди истиқболи умумии мардуми Тоҷикистон қарор мегирад. Заминаи таърихӣ ва сиёсии қабули ин қонун ҳамин аст. 

АМИТ «Ховар»: Аз назари амалӣ худи зарурати мақоми Пешвои миллат дар Тоҷикистонро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Бори дигар такрор мекунам, ки имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи ба воситаи таблиғоти расонаӣ ва ё бо воситаи қабули қонуни махсус ба Пешвои миллат табдил намудани касе нест. Балки сухан дар бораи ба расмияти ҳуқуқӣ даровардани воқеияти мавҷуда меравад. Дар марҳилаи таърихие, ки имрӯз ҷомеа ва давлати мо аз сар мегузаронад, ҳатто агар роҳбари қавии миллӣ намедоштем, онро бояд бо тамоми талош месохтем ва меофаридем. Аммо хушбахтона, мо зарурати ба таври сунъӣ сохтани чеҳра ва шахсияти Пешвои миллатро надорем, вай ба таври воқеӣ вуҷуд дорад.

Зарурати чунин масъала дар чист? Аввалан, Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи мураккаби таърихӣ ба сари давлат омада, бо талошҳои худ давлати тоҷиконро аз хатари воқеии нобудӣ наҷот дод. Хидматҳои ӯ бисёр бузурганд, аммо фақат ҳамин масъала, яъне ҳифз ва наҷоти давлатдории мо кофист, ки ному корномаи ин шахсият дар таърихи халқи мо барои абад боқӣ монад. Аз ин рӯ, мақоми Пешвои миллат як шакли арҷгузории мардум ба хидматҳои ӯ ва хусусан, ба арзишҳои меҳварии сиёсати ӯ, яъне сулҳу ваҳдату суботу амният мебошад.

Аммо дар марҳилаи имрӯза, масъалаи Пешвои миллат мавзӯе бештар аз муҳаббату арҷгузорист. Он як масаъалаи амалии давлатдорӣ буда, Пешвои миллат барои ҷомеаи мо ҳамчун як омили устувори таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ зарур мебошад. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон бо он ҷойгоҳи умумимиллии худ имрӯз ба кафили сулҳу субот ва кафили ҳифзу пойдории давлатдории муосири мо табдил ёфтааст. Бо ниҳодӣ шудан, ё институтсионализатсияи мақоми Пешвои миллат он маҷмӯаи арзишҳо ва усулҳои давлатдории мо, ки бо ному корномаи Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд, низ навъе институтсионализатсия ва устувору мондагор мешавад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на ҳамчун шахс, балки ҳамчун як арзиш, ҳамчун як мафҳум, ҳамчун як сарвати миллӣ, ҳамчун як меҳвари миллӣ матраҳ аст. Ин ҷо сухан дар бораи шахс намеравад, балки сухан дар бораи давлат, дар бораи манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатдории миллӣ меравад. Албатта, фаҳмиши фалсафаи ин масъала шояд барои ҳамагон дастрас набошад, аммо аз назари манфиатҳои олии давлатӣ масъалаи Пешвои миллат дар мавриди Эмомалӣ Раҳмон як масъалаи давлатӣ ва давлатдорист. Он бисёр фаротар аз масъалаи як шахс аст.

Зуҳури давлатмард марҳилаи нави рушди давлатдории миллии моро ифода мекунад

АМИТ «Ховар»: Шумо Пешвои миллатро мафҳуме фаротар аз шахс, балки ҳамчун як арзиш ва ҳамчун як сарвати миллӣ номидед. Ин навъи фаҳмиши мавзӯъ як сатҳи баландтари дарки масъала аст. Агар ҷанбаи амалии ин ҳолатро каме соддатар шарҳ медодед, бисёр хуб мешуд.

Абдуллоҳи Раҳнамо: Тавре пештар зикр шуда буд, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба бӯҳрони набудани лидери сиёсии умумимиллӣ рӯбарӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар  айни замон,  ин  «пешвоён» ҳамдигарро  умуман эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷеаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми нерӯҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури лидери миллӣ ё зуҳури давлатмард барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад.

Аммо бояд гуфт, ки шахсияти Пешвои миллат дар як сол ё дар як рӯз ташаккул намеёбад. Он дар тӯли бӯҳрон, дар раванди ҳалли масъалаҳои сарнавиштсози миллӣ ташаккул меёбад, он маҳсули як марҳилаи томми таърихист. Чуноне ки Рӯдакӣ гуфта буд:

Андар балои сахт падид ояд,

Фазлу бузургмардиву солорӣ.

Ин як шеър нест, ин як назарияи бисёр санҷидаи сиёсист. Яъне, сифатҳои олие чун хирад, бузургмардӣ ва ҳунари пешвоӣ ва солории инсон маҳз дар рӯзи мушкил, дар «балои сахт» ва дар соати бӯҳрон ошкор мегарданд. Дар рӯзи осудагӣ ҳама метавонанад даъвои бузургиву пешвоӣ кунанд. Аммо маҳз мушкилот маҳаки озмоиши мард ва давлатмард аст. Мо шоҳидем, ки дар рӯзи «балои сахт», ки  масъалаи буду набуди давлату миллати мо ҳал мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ ба саҳна омад, дар як муддати муайян ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ ва лидери умумимиллӣ табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ ҳалли муносиби худро пайдо намуд.

Мехостам ба ин масъала ба таври махсус таъкид шавад, ки масъалаи лидери сиёсӣ ё шахсияти давлатӣ набояд бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта шавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб эътибори ҷаҳонӣ ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ, пешвои эътирофшудаи давлатӣ, яъне давлатмард бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад. Ин як дастоварди таърихӣ ва як сарвати миллист. Касоне, ки ба сарнавишти давлату миллат меандешанд, қадри ин сарватро дуруст мешиносанд.

Масъалаи Пешвои миллат фаротар аз мақоми як шахс аст

АМИТ «Ховар»: Намояндагони баъзе доираҳо ба моҳияти ин масъала дақиқан сарфаҳм нарафта, онро ҳамчун талоши устувортар гаштани мақоми як шахс шарҳ доданӣ мешаванд. Ин ҷанбаи масъаларо чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ҳамчун талоши устувортар гаштани мақоми як шахс шарҳ намудани масъалаи Пешвои миллат як сухани бепоя аст. Бале, Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» барои фароҳам овардани имконияти фаъолияти Пешвои миллат баъзе шароитҳоро пешбинӣ мекунад, ки он аз ҷумла, дахлнопазирӣ, таъмини амният, таъмини мошину утоқи хидматӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ин имтиёзҳоро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз пурра доштааст. Наход касе соддалавҳона чунин пиндорад, ки мақсад аз қабули ин қонун гирифтани ҳамин имтиёзҳо бошад? Илова бар ин, мувофиқи қонунгузории ҷории Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз вазифа рафтанаш ба таври автоматӣ Узви якумрии Маҷлиси Миллӣ мешавад ва дахлнопазирии ӯ то охири умраш ҳифз мегардад. Пас масъалаи ба воситаи ин қонун таъмин намудани дахлнопазирӣ низ дар миён нест. Ва муҳимтар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон аз сатҳи олии дахлнопазирӣ ва ҳамаи имтиёзҳои зарурӣ таъмин мебошад. Бинобар ин, ба ин чанд имтиёзи маҳдуд марбут донистани масъалаи қабули қонуни мазкур сухани бисёр ғайриҷиддӣ ва ноогоҳона аст. Ҳеҷ шахси огоҳу ҷиддӣ чунин намегӯяд. 

Масъала ин аст, ки Пешвои миллат на ҳамчун шахс, балки ҳамчун институте хоҳад, буд, ки чун кафили сулҳу ваҳдат ва ҳифзи давлат хизмат мекунад. Дар шароити имрӯзаи таърихӣ ва дар вазъияти феълии байналмилалӣ мо имрӯз масъалаи муҳимтар аз ҳифзи давлату суботу амнияти миллӣ надорем. Дар пеши чашмамон даҳҳо кишвар пораву зеру забар шуда истодааст, тӯфони бераҳми набарди абарқудратҳо кишварҳоро фурӯ бурда истодааст. Аз ин рӯ, ҳифзи давлат масъалаи рақами яки мост. Пас, институти Пешвои миллат ҳамчун кафили сулҳу амнияти давлат як зарурати ҷиддист.

Мо бояд на дар доираи назарияҳои китобӣ, балки дар матни воқеияти имрӯзаи ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон андеша кунем. Аз ин назар, эҷоди институти ҳуқуқии Пешвои миллат як зарурати воқеии давлатдории мо дар шароити имрӯза мебошад. Яъне, ба будани мақоми устувор ва меҳварие чун Пешвои миллат пеш аз ҳама на Эмомалӣ Раҳмон, балки мо, давлатдории мо ниёз дорад.

Эродҳо ба масъалаи Пешвои миллат ҳаргиз назари мардуми Тоҷикистонро ифода намекунанд

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум мешавад, масъала бисёр равшан ва мушаххас аст  ва дар сатҳи қонунгузорӣ ба вуҷуд овардани институти Пешвои миллат як зарурати давлатдории имрӯзаи мо мебошад. Пас баъзе эродҳое, ки дар баъзе сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, дар чӣ асос ба вуҷуд меояд? Наход онҳо бо мантиқи оддитарин ва бо воқеияти инкорнопазир мухолифат дошта бошанд?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Банда бино бар тақозои ихтисосам назар ва дидгоҳҳои тамоми мухолифони ин масъаларо низ бо диққат мехонам. На ҳамчун хонандаи оддӣ, балки ҳамчун як муҳандис ва ҳамчун як сиёсатшинос ҳам таҳлили техникӣ ва ҳам таҳлили сиёсиву мазмунии ин назарҳоро анҷом медиҳам. Агар иҷозат диҳед, баъзе натиҷаҳои ин баррасиро гӯям.

Аввалан, мухолифони ин масъала бисёр каманд, зеро аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ шакке надоранд. Ҳамон гуна, ки ба падар будани падари худ, ба дарахти азими рӯи ҳавлии худ ва ба боми хонаи худ, яъне ба ин масъала ҳамчун ба воқеият менигаранд. Ва дар як ҷомеаи демократӣ ҳамин ҳимоят ва эътирофи аксарияти мутлақи мардум як омили кифояткунанда аст. Бинобар ин назари дигар доштани ин ё он доира чизеро иваз намекунад.

Дуюм, тадқиқот нишон медиҳад, ки ҳамин теъдоди ангуштшумори мухолифони ин масъала бо истифода аз воситаҳои имрӯзи техникӣ ва иттилоотӣ теъдоди худро зиёд нишон доданӣ мешаванд. Ин як навъ технологияи муборизаи сиёсӣ ва иттилоотӣ  аст. Масалан, чанде пеш баъзе мулоҳизаҳои худро дар масъалаи мазкур дар расонаҳо изҳор дошта будам. Он бо суръат дар расонаҳои гуногун бознашр шуда, мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт. Дар байни изҳори назарҳо даҳҳо нафар муаллифро таҳқиру дашном карда буданд. Дашном барои даъват ба ваҳдату суботу ватандӯстӣ! Мо бо кумаки дӯстони мутахассис як тадқиқоти хурди фаннӣ гузаронида, маълум кардем, ки аксари кулли ин танқиду дашномҳо ҳамагӣ аз 5-7 нукта ва ё дастгоҳи компютерӣ ва ё «ай-пи»-ҳои хориҷ аз Тоҷикистон фиристода шудаанд. Яъне, як нафар дар ягон пойтахти кишвари хориҷӣ, дар ҷойи гарм нишаста, бо номҳои гуногуни мустаор ба як мавод то 20-30 «коммент» ё изҳори назар менависад. Яъне, ба истолоҳи имрӯза, аксари он эродҳое, ки дар ин гуна сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт мешаванд, «фэйк» ҳастанд, яъне дар асл як чанд нафар аст, ки бо номҳои гуногун менависанд. Ва хонандаи оддӣ гумон мекунад, ки даҳҳо нафар дар ин масъала изҳори назар кардаанд. Аммо дар воқеият он як фиреби маҷозӣ буда, ҳаргиз назари ҷомеа ва дидгоҳи мардуми Тоҷикистонро баён намекунад.

Доштани пешвои миллӣ бо низоми демократӣ дар тазод нест

АМИТ «Ховар»: Яъне, мухолифони тақвияти ваҳдати миллӣ саҳнасозӣ намуда, аз номи даҳҳо кас дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои танқидӣ навишта, манзараи дуруғини иттилоотиро ба вуҷуд меоранд?

Абдуллоҳи Раҳнамо:  Дақиқан ҳамин тавр. Онҳо дар шабакаҳо фэйкҳо ё номҳои дурӯғин сар дода, мехоҳанд чунин тасаввуре ба вуҷуд оранд, ки гӯё доираи васеъ бо ин ё он масъала мухолифанд. Албатта, мухолифини воқеии ин масъала низ вуҷуд доранд ва Раиси порлумон низ ҳангоми қабули қонун изҳор доштанд, ки нисбати он назарҳои гуногун мавҷуданд. Биёед ҳамин теъдоди камшуморро низ мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ба тадқиқи банда, дар ин мавзӯъ эродҳо асосан дар се нукта гирифта шудаанд:

Нуктаи якум, тавре аз баъзе расонаҳо мебинем, баъзе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин фаҳмидаанд, ки гӯё «доштани пешвои миллӣ хосси ҷомеаҳои демократӣ набуда, сифати ҷомеаҳои анъанавӣ ва қафомонда мебошад.» Албатта, шояд дар китобҳои дарсии демократия ибораи «Пешвои миллат» вуҷуд надошта бошад, аммо мафҳуми роҳбари пазируфта ва харизматикӣ дар назарияҳои демократия бисёр маъмул аст. Бузургтарин ҷомеашиноси сиёсии Ғарб Макс Вебер, ки китобҳои ӯ дар тамоми донишгоҳҳои ҷаҳонӣ модаркитоби ҷомеашиносии сиёсӣ дониста шудааст, раҳбарони сиёсиро ба се навъ тақсим мекунад:

  1. Роҳбарони муқаддас (паёмбарон, имомон, намояндагони илоҳӣ)
  2. Роҳбарони харизматикӣ (бонуфӯз, пазируфта ва маҳбуби мардум)
  3. Роҳбарони интихобшуда (аз тариқи механизмҳои ҳуқуқии демократӣ).                                                                              

Ин тақсимотро ҳар донишҷӯе, ки ихтисоси сиёсатшиносӣ ё ҷомеашиносӣ хондааст, сад бор дар дарсу имтиҳонҳо такрор кардааст. Ва Макс Вебер меафзояд, ки агар роҳбари харизматикӣ (дорои нуфӯз ва маҳбубияти мардумӣ) бо роҳбари интихобӣ (аз тариқи механизмҳои ҳуқуқии демократӣ) дар симои як шахсият ҷамъ шавад, он қавитарин навъи роҳбар мебошад. Яъне, чунин роҳбар ҳам машрӯияти қонунӣ ва ҳам маҳбубияти мардумиро бо ҳам ҷамъ кардааст. Ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин ҳолатро дорад — машруияти қонунӣ ва маҳбубияти мардумӣ.

Пас агар шарҳи масъалаи Пешвои миллатро дар китобҳои бунёдии демократия ҷустуҷӯ кунем, марҳамат, Макс Вебер, «Ҷомеашиносии сиёсӣ», модаркитоби назарияҳои демокративу либералии Аврупову Амрико. Аз ин рӯ, барои демократия бегона донистани ин масъала сухани заиф аст.

Аммо, бештар аз ин, меъёри зиндагӣ на назарияҳои китоб, балки таърих, таҷриба ва воқеият аст. Нигоҳе ба таърих ва воқеияти имрӯзи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар мавридҳои фаровоне пешвои миллӣ дар ҷомеаҳои демократӣ фаъолият намуда, як рукни меҳварии ваҳдати миллӣ ва кафолати ҳифзи давлат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи  омӯзиши мо, дар ҷаҳони муосир дар беш аз 85 кишвар институти пешвои миллат бо шаклҳо ва номҳои гуногун фаъолият мекунад. Агар зарур бошад, рӯйхати ҳамин 85 кишварро пешниҳод мекунем. Албатта, на ҳамаи ин таҷрибаҳо мусбатанд, аммо беш аз 40 кишвари дорои пешвои миллӣ дорои низомҳои демократӣ ва баъзеяшон бисёр демократӣ мебошанд. Масалан, дар як силсила кишварҳои демократитарини ҷаҳон, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Австрия, Люксембуррг, Дания, Испания ва ғайра институти шоҳаншоҳиро нигоҳ медоранд ва мувофиқи қонунҳои онҳо шоҳ ё малика кафили ваҳдати миллӣ ва ҳифзи давлатдорӣ аст. Кишварҳои рушдёфтае чун Канада, Австарлия ва ғайра низ то имрӯз мақоми рамзии шоҳи Британияро ҳифз мекунанд ва ба он эҳтиром мегузаранд, ба садоқат ба он қасам мехӯранд. Дар кишварҳои шарқӣ низ мақоми пешвои миллӣ бисёр роиҷ буда, аз Сингапур то Ховари Миёна намунаҳои зиёди он дида мешавад. Ҳатто баъзе аз мухолифоне, ки ба низоми Тоҷикистон эрод мегиранд, худ ба давлатҳое такя мекунанд, ки аз тарафи шоҳону амирони якумрӣ, роҳбарони динии модомулумр ва ё пешвои миллии эъломшуда идора мешавад.

Ин мисолҳо нишон медиҳад, ки масъалаи пешвои миллӣ бо низоми демократӣ дар тазод нест. Вақте як хонандаи мактаб, як сарбози артиш, як шаҳрванд ва ё як вазир дар Британияи Кабир дар маросими расмӣ ба садоқат ба маликаи  якумрии  кишвараш қасам ёд мекунад, ӯ ҳаргиз худро сокини як ҷомеаи ғайридемократӣ ва қафомонда эҳсос намекунад. Дар ин масъала набояд уқдаи равонӣ дошта бошем. 

Аммо навъи сеюми пешвои миллат, навъи бартару солими он, мақоми махсуси таърихию мардумӣ гирифтани шахс дар сарнавишти як давлат ва ё миллат аст. Бисёре аз давлатҳои муосир ва пешрафтаи ҷаҳон ташаккул ва ё эҳёи давлатдории худро бо ному хидмати шахсиятҳои алоҳидаи таърихӣ вобаста медонанд ва онҳоро дар замони зиндагияшон ҳамчун пешвои миллӣ эътироф намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Амрикои демократӣ ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ бошад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Русия ва ё нақши таъйинкунандаи Нурсултон Назарбоевро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз сифати демократӣ маҳрум накардааст. Масалан, дар кишвари дӯсту ҳамсояи минтақавии мо Қазоқистон Порлумон ба Президент Н.Назарбоев ба таври расмӣ мақоми Элбосӣ ё Пешвои миллатро дода, ӯро ҳамчун кафили ваҳдат ва давлатдории миллӣ эътироф намудааст. Ин мақомро доштани Н.Назарбоев боиси суботи бештари вазъияти сиёсӣ дар ин кишвар гаштааст. Илова бар ин, касе Қазоқистонро наметавонад як давлати қафомонда ё ғайридемократӣ номад.

Ҳамин тавр, хилофи арзишҳои демократӣ донистани масъалаи пешвои миллӣ, бештар ноогоҳии гӯянда аз вазъияти гузашта ва имрӯзи ҷаҳонро нишон медиҳад.

Навъи дуюми нуктагириҳо ба ин ишора доштанд, ки дар кишвар ҳанӯз баъзе масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро наёфтаанд ва дар ин вазъият рӯ овардан ба масъалаи Пешвои миллат дуруст нест. Албатта, мавҷудияти мушкилоти иҷтимоиро ҳамагон медонанд ва шахсе, ки беш аз ҳама дар ин бора мегӯяд ва барои ҳалли он талош мекунад, худи Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар масъалаҳои иҷтимоӣ фақат ҳаминро бояд гуфт, ки агар вазъиятро бо чанд соли гузашта муқоиса кунем, ҳар одами боинсоф мебинад, ки чи таҳаввулоти бузурге дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рух додааст. Аммо масъалаи Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъҳое бисёр ҷиддитар аз ин рабт дорад. Ӯ тавонист масъалаҳои ҳаётие чун сулҳу субот, амнияти миллӣ, ваҳдати ҷомеа, ҳифзу эҳёи давлатдории миллии моро ҳал кунад. Ӯ масъалаи ҳаёту мамоти кишвар ва миллатро ҳал кардааст, ӯ хунрезии ошкору парокандагии миллиро дармон бахшидааст.

Барқу гази доимиву ҷои кори сазовор низ мешавад, ин як даврони гузариш аст, аммо масъалаи сулҳу суботу амният ва давлату истиқлолияти миллӣ усулҳои бунёдии мост. Мо ҳуқуқи маънавӣ ва ҳуқуқи миллӣ надорем, ки ин масъаларо фаромӯш кунем.

Масалан, ҳоло банда муддате дар Ҳиндустон дар сафари тӯлонии таҳсилӣ ҳастам. Мардуми Ҳиндустон ба Пешвои бузурги худ Маҳатма Гандӣ эҳтирому муҳаббати фавқулодда доранд, ҷойгоҳи ӯро ба мақоми муқаддас расонидаанд. Гандии бузург ҳаргиз Ҳиндустонро ба кишвари пешрафтаи саноатӣ табдил накардааст, он ҳанӯз ҳам миллионҳо нафар камбизоат дорад, аммо ҳар фақири хайманишини Ҳиндустон ҳам бо Гандӣ ифтихор мекунад, ки ӯ ба мо истиқлолияти давлатиро бозгардонд, ӯ моро соҳиби давлати мустақил кард, ӯ давлатдории бузурги Ҳиндро наҷот дод. Онҳо ҳаргиз мақоми рисолати таърихӣ, хидмати абадӣ ва мақоми наҷотбахшии миллии Гандиро бо масъалаи кам будани маош ва набудани ҷойи кори муносиб муқоиса намекунанд. Ман ба ин фаҳмиши баланди ҳиндиҳо ҳасад бурдам… Пас, барои мо низ сазовор нест, ки фақат биологӣ андешем, масъалаҳои номусӣ ва усулиро бо нони шикам андоза гирем. Гарчи, шукри Худо, дар кишвари мо дигар шиками касе гурусна нест. 

Навъи сеюми эродҳо ба масъалаи мазкур аз сӯи касоне буд, ки ба ин мавзӯъ на бо нигоҳи миллию давлатдорӣ, балки аз нигоҳи рақобати сиёсӣ ва қудратхоҳӣ менигаранд. Аз ин рӯ, новобаста аз хидмату дастовардҳо, онҳо ба ҳукумат ва ба Роҳбари давлат маҳз аз нигоҳи рақобати сиёсӣ ва қудратталабӣ муносибат мекунанд. Дар чунин нигоҳ инсон дастоварду муваффақиятҳоро намебинад, воқеиятро намебинад, балки бо мантиқи рақобат ҳамеша дар пайи эрод ва танқид мешавад. Ин аллакай ҳолати ғайримантиқӣ, ҳолати рақобати примитивии сиёсист. Дар чунин ҳолат мантиқ фақат рақобат аст. Бинобар ин, ба ин навъи эродҳо посух гуфтан ва онҳоро ҷиддӣ гирифтан ҳеҷ зарурат надорад. 

Ҳамин тавр, бо таҳлили мухтасари ин се навъи эродҳои  матраҳшуда дар масъалаи Пешвои миллат метавон дид, ки дар асл дар ин мавзӯъ ҳеҷ эроди ҷиддиву асоснок вуҷуд надорад. Ҳеҷ яке аз ин назарҳо дидгоҳи аксарият, назари мардуми Тоҷикистонро ифода намекунад. Ин бисёр муҳим аст.

 АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои як суҳбати воқеан ҳам илмӣ ва рӯзмарра.

Абдуллоҳи Раҳнамо:  Дар охир бори дигар бояд гуфт, ки барои касоне, ки ҳамчун ватандор ва давлатдор бар манфиатҳои умумимиллӣ меандешанд, қабули ин қонун як падидаи мусбат ва як табрик аст, аммо барои касоне, ки ҳамчун мухолиф ва қудратталаб меандешанд, пазируфтани ин қонун шояд ногувор бошад. Аммо усули меҳварии сиёсати анъанавӣ қабули воқеият аст ва усули меҳварии сиёсати демократӣ қабули аксарият. Масъалаи Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз назари воқеият ва ҳам аз назари аксарият ҷойи баҳсу мунозира надорад. Бори дигар мебояд таъкид дошт, ки Пешвои миллат будан рисолати Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рӯ, барои ҳар инсони огоҳ беҳтар аст, ки ҳам воқеиятро эътироф дорад ва ҳам ба иродаи аксарият эҳтиром гузорад. Чунин мавқеъ ҳам мардона ва ҳам демократӣ мебуд. Мардуми Тоҷикистон маҳз чунин мавқеъ ва чунин интихоб дорад.

 

Суҳбати Акрами Санг

 

 

 

 

Декабрь 10, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад