Афзоиши хатарбори ифлосшавии муҳити зист

Декабрь 8, 2015 09:59

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба навиштаи сомонаи иттилоотии INTERFAX бори аввал дар таърих ҳукуматдорони Пекин барои ғубори ғализ, ки ҳавои атмосфераро олуда сохтааст, мактабу дабистону корхонаҳоро бастанд. Ҳукуматдорон изҳор мекунанд, ки чунин ҳавои ғализ то 3 рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд. Ин гуна ифлосшавии ҳаво  дар баъзе ноҳияҳои тобеъ то ба 976 микограмм мерасад. Ба иттилои Associated Press, дар ҳамбастагӣ бо тадқиқоти донишгоҳи олмонии Макс Планка, ҳар сол дар Чин 1,4 млн одам аз ғализии дуди ҳаво мефавтанд .
Дар тӯли як садсолаи охир кишварҳои  сайёра аз олуда шудани муҳити зист бонги хатар зада,  ҳушдор  медиҳанд, ки  бо ин суръат рушд ёфтани  технология ва соҳаи саноату истифодаи ғайриоқилонаи сарватҳои табиӣ оқибатҳои фоҷиабор  дар пай дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 21 — уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, ки  30 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор гашт, суханронӣ намуда гуфт: «Дар шароити имрӯзаи глобалӣ  ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. 
Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад».
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XVI дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф шаҳрҳои калон бунёд шуда, соҳаи саноат босуръат тараққӣ мекард. Корхонаҳои гуногун бо дуду партовҳои худ ҳаво ва муҳити зистро ифлос менамуданд. Нахустин ҳушдордиҳандагон аз ин мушкилот қишри равшанфикри ҷомеа, пеш аз ҳама, олимон буданд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Ҷон Эрвин, коршиноси соҳаи экология, ҳанӯз соли 1661 ба Карли 2, шоҳи Британияи Кабир, дар маърӯзаи худ «Заҳролудшавӣ аз дуд ё паҳншавии дуд дар ҳавои Лондон» муроҷиат карда, дар 300 соли минбаъда аз ҳисоби ифлос шудани фазо ва заҳролуд гардидани инсон аз таъсири дуд ва кам шудани умри миёнаи одамонро пешгӯӣ намуда, пешниҳод месозад, ки дар атрофи шаҳри Лондон дарахтони зиёди сарсабз шинонанд. Дар баробари мулоҳизаҳои Ҷон Эрвин  буданд олимоне, ки мехостанд перомуни ғализшавии иқлим фикру ақидаҳои худро пешниҳод кунанд. 
Он вақт ин пешниҳоди олимонро қобили қабул нашумурданд. Аммо рух додани ҳодисаҳои ногувор дар мамлакатҳои олам имрӯз ҳақиқати талхест, ки мардум дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мечашанд. Бо вуҷуди ин давлатҳо манфиати моддии худро дар мадди аввал гузошта, ба солимии сокинон ва дигар мавҷудоти зиндаи табиат чандон таваҷҷуҳ надоранд. Аз нигоҳи аввал кори мунтазами корхонаҳои тавлидотӣ таъмини ҷойи кор ва маошу рӯзгори осудаи шаҳрвандони кишварҳост. Ва давлат бо содир намудани молу маҳсулоти худ ба хориҷи мамлакат даромади иловагӣ гирифта, хазинаи худро ғанӣ мегардонад. 
Академияи илмҳои ҷамъиятии Шанхай хабареро дар сомонаи FACTROOM нашр кардааст, ки дар он чунин омадааст: «Пекин дуюмин пойтахти бадтарин дар ҷаҳон аз нуқтаи назари экология аст».
Акнун тасаввур кунед, ки дар шаҳрҳои саноатии дунё, ки на камтар аз 10-15 миллион сокин доранд, дуду чанги корхонаҳо, марказҳои гармидиҳии бо ангишт фаъолиятдошта фазои беғуборро ба чӣ ҳолат гирифтор менамоянд. Ин гуна ҳавои олуда на танҳо инсон, балки кулли мавҷудоти зиндаро нафасгир мекунад.
Дар маҷмӯъ бигирем, дар ҳамаи намуди тавлидот инсон даст ба кор аст ва ба ифлос шудани муҳити зист аввалин зарба ба ӯ мерасад.
Мутахассисони ҷаҳонӣ собит кардаанд, ки инсон на танҳо аз гази карбони аз он хориҷшуда заҳролуд мешавад, балки ҳангоми афрохтани оташ, дуди он низ ба саломатӣ зарар дорад. 
Ин зарар аз як  бухориест, ки дар ҳар хонаводаи деҳот ангишт месӯзанд. Аксари мардум имрӯз иттилоъ надорад, ки дар масофаи то 100 метр аз роҳи мошингард дуртар ҷамъоварии гиёҳ ва меваҳо умуман мумкин нест, чунки ин рустаниву меваҳо ҳавои заҳролудшударо ба худ меҷаббанд ва истеъмоли онҳо на нӯш, балки нешест барои инсон.
Инчунин олимони рус бухори бензинро ҳангоми танбашавии мошинҳо таҳқиқ намуда, ба натиҷа расидаанд, ки зарари он ба инсон дучанду сечанд мешудааст. Франк Гилиярд, таҳқиқгари амрикоӣ мегӯяд: «Солҳои охир олудагии ҳаво ба як мушкилоти сахте табдил шудааст, ки мамлакатҳои зиёд бо он даст ба гиребон ҳастанд. Таҳқиқоти нав нишон медиҳанд, ки фарбеҳ шудани одамон ба олудагии ҳаво ҳам иртибот дорад. Олудагии ҳаво боиси тағйирот дар механизми бадан ва сӯхтусӯзи дохилӣ шуда, вазн афзоиш меёбад».
Махатма Ганди гуфтааст: «Табиат ҳудуди сабру тоқат, бардошти худро дорад. Вақте ки бадкирдориҳои одамон аз ҳад мегузарад, ӯ интиқомро сар мекунад».
Инсоният имрӯз худ ҳаворо олуда ва муҳити зистро ифлос намуда, саломатиашро ноҷур ва зери хатар гузоштааст. 

Декабрь 8, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад