Агентии коррупсия: Маҷбуран пул ситонидан аз беморон ҷиноят аст!
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Яке аз ҳадафҳои ворид намудани моддаи 324 ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди коррупсия- ин ҳамчун ҷиноят эътироф кардани ҳар гуна неъматҳои ғайримоддии аз ҷониби дилхоҳ корманди соҳаи тиб, хоҳ шахси мансабдор ва хоҳ духтури оддӣ бадастомада мебошад»,-иброз дошт Турсунзода Шодком Худоймурод-муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 4 декабр зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳ надодани кормандони соҳаи тиб ба чунин амалҳо баргузор гашт.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки қонунгузории мубориза бар зидди коррупсия ба кормандони соҳаи тиб, новобаста аз мақоми давлатиашон иҷозат надодааст аз шахси бемор ё дигар пайвандони бемор маҷбуран маблағ ситонанд, зеро ин боиси шикояти онҳо мегардад. «Агар бемор маҷбур шавад, ки ба ҳамон шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ пул супорад, ин аллакай ҷиноят ҳисоб мешавад, новобаста аз он ки он 1 сомонӣ аст ё 10 сомонӣ, яъне дар қонун наомадааст, ки қарори 600 вайрон шаваду берун аз хазинаи беморхона аз беморон алоҳида маблағ ситонида шавад»,-таъкид намуд Турсунзода Шодком Худоймурод.
«Масъалаи дигари ташвишовар, ки дар миёни бархе аз ҷарроҳони кишвар ба мушоҳида мерасад, ин аз беморон талаб кардани маблағи иловагӣ аз ҷониби духтурон мебошад, ҳол он ки беморон тибқи қонун аллакай ба хазинаи беморхона маблағи муайян месупоранд»,-афзуд Турсунзода Шодком. Номбурда гуфт, чунин ҳолатро аллакай кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба яке аз ҷарроҳон ошкор карданд, ки ӯ 800 сомонӣ пора гирифта, аз вазифа сабукдӯш гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






