Аксари асъори миллии давлатҳои дунё нисбат ба доллари ИМА беқурб шуданд
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи асъори миллӣ ва хориҷӣ маълумот дода, таъкид дошт, ки тибқи таҳлилҳои охир аз оғози сол то 4 декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,7637 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 27,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
Қурби нақдии (бозории) доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то ба 7,18 сомонӣ барои 1 доллари нақдии ИМА ё 31,3 фоиз баланд шудааст.
“Танҳо бо як таваҷҷуҳи рӯякӣ ва қиёс кардани рақамҳои поён метавон дарк кард, ки бо вуҷуди доштани иқтисодиёти пуриқтидор, захираҳои калони тиллоию асъорӣ ва истифодаи онҳо ҳангоми ба миён омадани фишорҳои қурбӣ, дар соли 2015 аксари асъорҳои миллии давлатҳои дунё нисбат ба доллари ИМА беқурб шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра қурбҳои Евро ба андозаи 12,4%, рубли русӣ 12,7%, тангаи қазоқӣ 68,6%, соми қирғизӣ 28,8%, суми ӯзбекӣ 13,5%, рубли беларусӣ 51,5%, юани чинӣ 2,9% ва иени ҷопонӣ 3,1% коҳиш ёфтанд”,-илова намуд раиси БМТ.
Ҷ.Нуралиев мисол овард, ки қурби доллари нақди ИМА нисбат ба сомонӣ аз 1 январ то 4 майи соли равон 24,6 фоиз ва аз ин сана то имрӯз ҳамагӣ 6,7 фоиз баланд шудааст. Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки 6,1 фоизи он ба даҳаи охири моҳи ноябр рост меояд, ки ин тағйирёбии босуръат аз кӯтоҳмуҳлат ва бештар субъективию ҳаннотӣ будани тағйироти мазкур баръало шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






